01:17 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Экономический рост, архивное фото

Додугирифти Русияву Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳ 654.6 миллион долларро ташкил дод

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
182 0 0

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бахши умдаи тиҷорати хориҷии ин кишварро бо кишварҳои ҳамсуд муртабит донист

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бахши умдаи тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 8 моҳи соли равонро бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ муртабит донист, иттилоъ додааст “Parstoday”.

Бинобарин гузориш 54.8 дарсад ё як миллиарду 549 миллион доллар аз ҳаҷми куллии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд муртабит аст.

Касри тиҷорати ин кишвар бо кишварҳои ИДМ як миллиарду 36 миллион доллар баровард шудааст.

Бештарин рушди тиҷориро Тоҷикистон бо Арманистон, Узбакистон ва Украина дошта, ки ба тартиб 39, 20.2 ва 15.2 дарсад будааст.

Бинобар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Арманистон ночиз буда ва танҳо 315.7 ҳазор доллар баровард шудааст.

Ҳаҷми тиҷорати мутақобили Тоҷикистон бо Узбакистон дар 8 моҳи соли ҷории мелодӣ беш аз 231.8 миллион доллар буда, ки беш аз 110.7 миллион доллар аз он бо воридоти маҳсулоти ӯзбакӣ ба ин кишвар муртабит аст.

Содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба ин кишвар беш аз 121 миллион доллар эълом шудааст.

Русия, ки тиҷорати мутақобили ин кишвар бо Тоҷикистон 654.6 миллион доллар эълом шудааст, дар рутбаи нахусти шарикони тиҷории Душанбе қарор дорад.

Қазоқистон бо 559.3 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувуми ин феҳрист дарҷ шудааст.

Дар маҷмуъ, тиҷорати мутақобили Тоҷикистон бо тамом кишварҳои ИДМ беш аз як миллиарду 549 миллион доллар баровард шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 0.5 дарсад рушд кардааст.

Барчаспҳо:
ИДМ, кишварҳои ҳамсуд, тиҷорат, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ