01:15 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Пахта, акс аз бойгонӣ

Баъди Леваканд: Бохтар низ аз иҷрои нақшаи пахта гузориш дод

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтар 4 октябр дурнамои истеҳсоли пахтаро дар соли ҷорӣ иҷро намуданд

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, кишоварзони Бохтар имсол дар майдони 310 гектар пахта кишт карда, то имрӯз 23-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил рӯёнидаанд.

Шаҳрдории Бохтар мегӯяд, феълан ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд, ки то пағаи охирин ҳосили боқимондаро ғун кунанд.

Дафтари матбуоти раиси Хатлон зикр кард, ки 5 рӯз қабл заркорони шаҳри Левакад дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд.

“Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Леваканд рӯзи 1 октябр ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода низ бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот сарфароз шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ