Пахтакорони Шаҳритус аз иҷрои нақша хабар доданд

© Sputnik / Станислав Корытников / Гузариш ба медиабонкУборка хлопчатника, архивное фото
Уборка хлопчатника, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 13 октябр, аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар соли ҷорӣ хабар доданд

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, заркорони ноҳияи Шаҳритус имсол дар майдони 5250 гектар пунбадона кишт намуда, аз аввали мавсим то имрӯз ба ҷойи 11950 тоннаи дурнамо ба қадри 12 ҳазору 14 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдаанд.

Завод по производству полиэтиленовых пакетов в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд аз истеҳсоли маҳсулот наздик ба 1 миллиард сомонӣ хабар дод

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус таъкид намудааст, ки имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд, ки то кӯраки охирин ҳосили боқимондаро ғун кунанд.

Мақомоти Хатлон зикр кардаанд, ки 30 сентябр заркорони шаҳри Левакант дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд. Заркорони шаҳри Бохтар рӯзи 4 октябр дурнамои мавсимро пурра таъмин намуданд. Шаҳритус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расидааст.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ барои фаъолият ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” иҷозатнома дод

Манбаъ афзуд, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Тибқи ҷамъбасти даври якуми ин мусобиқаи меҳнатӣ ҷойи аввал ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотро заркорони ноҳияи Шаҳритус аз они худ карда буданд.

Ба иттилои манбаъ, 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Лентаи хабарҳо
0