13:59 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Ожонси омори Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи августи соли ҷориро 0,6 дарсад арзёбӣ кард, ки нисбати моҳи июл поинтар мебошад. Мизони таваррум дар моҳи июл ба 0,9 дарсад баробар буд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.  Мизони таваррум дар 8 моҳ дар бахши масрафкунандаи Тоҷикистон 6,4 дарсад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон, танҳо дар моҳи август мизони 0,6 дарсадии таваррум сабт шуд.

“Дар ин муддат нархи маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ афзоиш ёфт”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси додаҳои Ожонси омор, таварруми солона аз моҳи сентябри соли гузашта то сентябри соли 2019 ба 8,1 дарсад буд.

Маоши пасттарин ва баландтаринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад?

Ҳукумати Тоҷикистон имсол дар сатҳи 7 дарсадӣ нигоҳ доштани таваррумро барномарезӣ кардааст. Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 5,4 дарсад буд.

Барчаспҳо:
нарх, қурб, мизони таваррум, Ожонси омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ