00:07 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Шаҳри Хоруғ, акс аз бойгонӣ

ВМКБ даромади буҷаро аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ барзиёд иҷро кард

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Сарраёсати молияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки иҷрои нақшаи даромади буҷа тайи 9 моҳи соли равон аз ҳисоби сарчашмаҳои худи вилоят ба андозаи 103,5 фоиз таъмин гардид

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар 9 моҳи соли равон ба буҷаи вилоят ба ҷои 64 миллиону 468 ҳазор сомонии нақша, 66 миллиону 708 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 3,5 дарсад бештар мебошад.

Манбаъ афзуд, ки Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019”, ки ахиран дар вилоят баргузор шуд, беш аз 170 сармоягузор, аз ҷумла 30 сармоягузори хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Чинро ба ҳам овард.

“Дар ин давра дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 33 иншооти соҳа бо арзиши умумии 219,6 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ маблағи 52,2 млн сомонӣ истифода шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти вилоятӣ дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии вилоятро мусбӣ арзёбӣ карда, афзуданд, ки дар 9 моҳ ҳаҷми боркашонӣ 4,4 фоиз, гардиши бор 20,7 фоиз, мусофиркашонӣ 6,9 фоиз, гардиши савдои яклухт ва чакана 10,5 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 7,1 фоиз нисбат ба 9 моҳи соли 2018 афзудааст.

Барчаспҳо:
иқтисод, буҷа, нақша, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ