Қочоқи чӯбу тахта аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз сӯи Алмосбек ва Воҳидов

© Sputnik / Михаил Киреев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на дороге, архивное фото
Автомобили на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Конибодом Воҳидов Зафар, сокини 47-солаи шаҳри Исфараро дар қочоқи чӯбу тахта гунаҳкор дониста, ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё худ 13 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима бастааст

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, моҳи майи соли равон Воҳидов Зафар Тоҳирович, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Қирғизистон бо номи “Алмазбек”, тариқи қочоқ аз Қирғизистон ба Исфара чӯбу тахта ворид кардаанд.

Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз талаби Раҳмон аз Жээнбеков: аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон "оғоз" шуд

“Санаи 14 майи соли равон нафари шахсияташ ба тафтишот номаълум бо номи Алмазбек, 91 метри мукааб чӯбу тахта бо арзиши 182 ҳазор сомониро, ки миқдори калон ба ҳисоб меравад, бидуни барасмиятдарори гумрукӣ бо роҳи пинҳонӣ ба назди фермаи “Суфра Боқиев”-и ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара ворид мекунад”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Манбаъ афзуд, дар навбати худ Воҳидов 6 адад воситаҳои накдиётро аз ҳудуди шаҳри Исфара киро карда, ба ҷойи таъиншуда омада, чӯбу тахтаро ба автомашинаҳои боркаши мансуб ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бор кардааст.

“Сипас чӯбу тахтаро соати 03.00 шаби 14 ба 15.05.2019 бо мақсади ба фурӯш баровардан бо роҳҳои пинҳонӣ ба ҳудуди шаҳри Конибодом интиқол дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори 30 ҳазору 145 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст”, - таъкид намудааст додситонӣ.

Додситони шаҳри Конибодом аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, додгоҳи шаҳр Воҳидов Зафар Тоҳировичро ба андозаи 13 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима баст.

Лентаи хабарҳо
0