02:18 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Хлопок, архивное фото

Наздик ба 92 ҳазор тонна пахта: ҷамъоварии пахта дар Суғд идома дорад

© Sputnik / Стас Этвеш
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Мақомоти Суғд эълон намудааст, ки то имрӯз кишоварзони вилоят 91 ҳазору 913 тонна пахта ҷамоварӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ҷамъоварии пахта дар вилоят муташаккилона идома дошта, то 21 октябр 91 ҳазору 913 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин ба 71,2 дар сади нақша баробар будааст.

Инчунин мнбаъ қайд намудааст, ки то имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 10 ҳазору 351 тонна, Бобоҷон Ғафуров 13 ҳазору 449 тонна, Ҷаббор Расулов 9 ҳазору 551 тонна, Зафаробод 18 ҳазору 962 тонна, Конибодом 11 ҳазору 783 тонна, Мастчоҳ 18 ҳазору 441 тонна ва Спитамен 9 ҳазору 331 тонна пахтаро ҷамъоварӣ ва  ба хирман супоридаанд.

“Дар сегонаи навоҳии пешқадами маъракаи пахтачинӣ бо иҷрои 88,6 дарсади нақша шаҳри Конибодом, 74 дарсади нақша ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 73,9 дарсади нақша ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Тибқи иттилои манбаъ имсол дар вилояти Суғд бояд наздик 130 000 тонна пахта истеҳсол гардад.

Барчаспҳо:
ҷамъоварӣ, пахта, мақомот, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ