14:56 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Заседание счётной палаты

Палатаи ҳисоб беш аз 102 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард

© Счётная палата РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
639 0 0

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон эълон намудааст, ки зимни санҷишҳои аудитории вазорату идораҳо субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ беш аз 102 миллион зарари молиявӣ ошкор намудааст

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Мутахассисони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ  дар зарфи нуҳ моҳи соли равон 102,5  миллион сомонӣ зарари молиявӣ  ошкор намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи ҳисоби кишвар.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ин нуқта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби кишвар дар ҷаласаи ҳисоботӣ, ки дар ҳузури раиси Палатаи ҳисоби кишвар Қарахон Чиллазода доир гардид, зикр шуд.

Қарахон Чиллазода гуфт, ки Палатаи ҳисоби кишвар фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, қонунҳои марбутаи кишвар,   инчунин дастуру супоришҳои раисҷумҳур дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон дар ҷаласаи ҳисоботи мутахассисону сардорони раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардид.

Барчаспҳо:
санҷиш, ошкоркунии хисороти молиявӣ, ошкор, зарар, Палатаи ҳисоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ