02:30 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1063 0 0

Қурби рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, имрӯз дар муассисаҳои молиявии кишвар аз аз 0.1520 то 0.1540 сомонӣ нарх дорад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии кишвар аз 9.6938  то 9.7000 сомонӣ, 1 евро аз 10.7902  то  10.8500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1520 то 0.1540  сомониро ташкил медиҳад.

Қурби рубли русӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бо ин пул маош мегиранд, ба баландтарин нишондод тайи моҳҳои охир расидааст.

Дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллӣ қурби расмии 1 доллари ИМА-ро - 9.6938 сомонӣ, 1 евро - 10.7902 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1520  сомонӣ муқаррар кардааст.

Тавсифи ХБА аз болобарии нархи барқ ва тавсияҳои нав

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Барчаспҳо:
доллар, қурб, пул, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ