Ожонсии омор: дар Тоҷикистон 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кард

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии омори Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар 9 моҳи соли равон дар ин кишвар хабар додааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар давоми 9 моҳи соли равон 209 ҳазор соҳибкор, ки бо патент фаъолият мекарданд, наздик ба 44 ҳазор нафар, ки бо гувоҳнома машғул ба кор буданд ва 7 ҳазору 500 нафар, ки ширкати кишоварзӣ доштанд, фаъолияти худро мутаваққиф карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши раиси ноҳия: соҳибкорон дар Дӯстӣ чиро бунёд карданд?

Тавре ин расонаи хабарь иттилоъ додааст, теъдоди фаъолони бахши хусусӣ, ки иқдом ба таҳвили патенти фаолияти худ кардаанд, дар циёс ба щамин давраи соли гузашта наздик ба 26 ҳазор нафар зиёдтар будааст.

Бо фармони Озода Раҳмон соҳибкорон ҷарима шуданд

Дар ҳамин ҳол, Ожонсии омори Тоҷикистон иллати қатъи фаъолияти ин 260 ҳазор нафарро эълом накардааст.

Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Ожонсии омор дар Тоҷикистон ба таври расмӣ 553 ҳазор нафар дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд, ки 313 ҳазор нафари оноҳо бо патент ва 77 ҳазор нафар бо гувоҳнома кор мекунанд.

Инчунин дар Тоҷикистон 162 ҳазор нафаре ҳаст, ки дорои ширкатҳои кишоварзӣ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0