19:04 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Бандар, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон пойбанди молҳои хориҷист: воридот аз содирот 3 баробар зиёд шуд

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, гардиши савдои хориҷии кишвар тайи 9 моҳи соли равон беш аз 3,1 миллиардро долларро ташкил дод, ки қисми бештари онро воридот ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 3 миллиарду 158,3 миллион доллар гардиши молиро анҷом дод, хабар додааст Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Ба иттилои Вазорат, ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 31,6 миллион доллар афзоишро нишон медиҳад, навиштааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ афзуд, ки тавозуни савдои хориҷӣ ҳамоно манфӣ буда, Тоҷикистон пойбанди молҳои воридотӣ боқӣ мондааст.  Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, таодули бозаргонӣ дар ин муддат 1 миллиарду 621,7 миллион доллар манфӣ буд.

“Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 768,3 миллион доллар коло содир кард. Ҳаҷми воридот дар ин муддат 2 миллиарду 390 миллион доллар буд. Ҳаҷми воридот дар муқоииса бо содирот 3,1 баробар афзун аст”, - омадааст дар иттилоия.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 102 кишвари ҷаҳон гардиши молиро анҷом дод. Русия, Қазоқистон ва Чин шарикони аслии бозаргонии ҶТ мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ