22:34 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вакилони мардумӣ ва масъулини Ҳукумат иҷро нашудани буҷаро баррасӣ карданд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
128 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ҳузури мақомдорони Ҳукумати кишвар сабаби иҷро нашудани буҷаи давлатро дар 9 моҳи соли равон баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон ба вакилони мардумӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, Аюбҷон Солеҳзода, муовини якуми раиси Кумитаи андоз, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва Дилмурод Давлатзода, мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумат гузориш доданд.

“Зимни баргузории ҷаласа, дар баробари дар сатҳи муайян иҷро нагардидани буҷети давлатӣ, камбудӣ ва норасогиҳо, инчунин сабабу омилҳое, ки садди роҳи иҷроиши сифатноки буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд, баррасӣ гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки баррасии масъалаи мазкур пеш аз ҳама барои ислоҳи камбудию норасоиҳои дар иҷроиши буҷети соли ҷорӣ ҷойдошта мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки вазифаи мақомоти давлатӣ пеш аз ҳама таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ мебошад.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.

Барчаспҳо:
маблағ, буҷа, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ