Роҳандозии содироти маҳсулоти корхонаи “Ариана Металл Пласт” ба Узбакистону Қирғизистон

Обуна шудан
Корхонаи “Ариана Металл Пласт” моҳи октябри соли 2018 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” мавриди истифода қарор гирифта буд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” рафта, бо раванди истеҳсолот дар ҶСП “Ариана Металл Пласт” ошно шуд, иттидлоъ додааст дафтари матбуоти щукумати вилояти Суғд.

Эмомали Рахмон открыл Государственный флаг в городе Бустон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: ба сифати маҳсулот диққат диҳед ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоред

Бино бар иттилои манбаъ, “Ариана Металл Пласт” аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишро дар дохил истеҳсол мекунад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, дар корхона номгӯи зиёди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ истеҳсол карда мешавад.

Роҳбарияти корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва тақвияти имконияти содиротии кишвар тадбирҳои судманд андешида, содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон низ ба роҳ мондааст.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ба роҳбарияти корхона бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, дарёфти бозорҳои нав ва зиёд намудани содироти маҳсулот дастуру тавсияҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0