19:24 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Подпись документа. архивное фото

"ТАЛКО" ва Кумитаи сайёҳӣ: имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Имрӯз дар чорчӯби мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Швейтсария миёни Тоҷикистону ин кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ имзо шуданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ кардааст..

Раисиҷумҳур, ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Кишвардор таъкид кардааст, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.

Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Раҳмон ба Швейтсария ва Фаронса сафар кард

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.

Раисиҷумҳур, аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария даъват кардааст, ки ҷиҳати ошноии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мубоҳисаи судманд баргузор шудааст.

“Талко” куҳна шуд: Раҳмон қарораш дар бораи корхонаи алюминийро шарҳ дод

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ

Дар форум ҷонибҳо дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон 3 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд:

  •  Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­
  • Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ.
Барчаспҳо:
санад, сайёҳӣ, "ТАЛКО", Швейтсария, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ