09:23 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз хару мурғу бузу гов дар Душанбе: ҷарима то 22 ҳазор сомонӣ

© Sputnik Amir Isaev
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1937 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, аз ҷой доштани парвариши чорвои хурду калон ва аспу хар дар пойтахт нигаронӣ карда, дастур додааст, ки назорат дар ин бахш пурзӯр карда шавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами  Эмомалӣ дар ҷаласаи назоратӣ ба муовинонаш ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дод, ки дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ фаъолиятро таҳким бахшанд.

Шаҳрдорӣ тавзеҳ додааст, ки дар пойтахт парвариши бархе аз ҳайвонҳои хонагӣ, ба монанди гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ иҷозат аст.

Манбаъ ҳушдор додааст, ки барои нақзи қоидаҳо дар соҳаи парвариши чорво дар пойтахт,  бар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомониро ташкил медиҳад.

Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран даст задан ба парвариши чорво, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва  шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
мамнуъ, чорво, парвариш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ