07:36 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Fives”

Чархболҳо, маркази савдо дар Суғд ва созишномаи 200 миллион евроӣ: натиҷаи мулоқоти Париж

акс аз сомонаи раисҷумҳур
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
86020

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони фаронсавӣ роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкорию сармоягузории Фаронса даъват кард, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории кишвар аз наздик шинос шаванд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Fives” бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко” имзо шудааст. Котиботи раисиҷумҳур зикр кардааст, ки зикр аст, ки 45 сол қабл коргоҳи анодпазӣ аз тарафи ширкати “Fives”  сохта шуда буд.

Инчунин созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Талко, “Fives” ва Ширкати олмонии “Riedhammer” дар бораи воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии ширкати Талко имзо гардидааст.

Ширкати “Сомон Эйр” бо “Аэробус”-и аврупоӣ барои ворид кардани чархболҳо созиш намудааст.

“Мавриди зикр аст, ки Ширкати “Сомонэйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад”, - омадаст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ширкати “Шивер Групп”, ки нахустин гипермаркети “Ашан” дар Тоҷикистонро фаъол кардааст, бо ҶДММ “Амид”-и Тоҷикистон барои ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд созишнома имзо намудааст.

Инчунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии “ITC School Ecole42”, ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" ва Ассотсиатсияи "MEDEF International"-и ҷумҳурии Фаронса имзо гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ