20:09 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Долларҳо, акс аз бойгонӣ

Ҳукумат ҳаҷми қарзгирӣ аз хориҷ барои 3 соли ояндаро муқаррар кард

© Sputnik / Виталий Тимкив
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи равон барномаи қарзгирӣ аз хориҷа дар се соли ояндаро ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон 1 ноябр имзо кард, тайи се соли оянда дар назар аст, ки давлат беш аз 920 миллион доллар қарзро аз хориҷа ҷалб кунад.

Дар қарор таъкид шудааст, ки ин барномаи қарзгирӣ ба сиёсати иқтисодии Ҳукумат мутобиқ буда, маблағҳо ба бахшҳои афзалиятдоре равона мешаванд, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 муайян карда шуданд.

Дар назар аст, ки давлати Тоҷикистон соли оянда 220 миллион доллар, соли 2021 – 336 миллион доллар ва соли 2022 – 365 миллион доллар қарзро аз хориҷа ҷалб кунад. Таъкид шудааст, ки барномаи миёнамуҳлати мазкур барои идораи устувори қарзҳои хориҷӣ таҳия шудааст.

Тоҷикистон аз “Эксимбонк”-и Чин 1,3 миллиард доллар қарздор аст

Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон мизони қарзи хориҷии кишварро 2 миллиард ва 900 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда буд, ки баробар бо 35 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон саҳми Чинро дар ҳаҷми қарзҳои хориҷии кишвар 48 дарсад арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуда буд, ки Чин ҳамчунон бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Барчаспҳо:
давлат, хориҷа, қарз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ