06:40 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Человек в костюме надувает воздушный шар со значком американского доллара, архивное фото

Қарзи берунаи Тоҷикистон 10 миллион доллар кам шудааст

© Sputnik / Игорь Зарембо
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
274 0 0

Аз аввали сол қарзи берунаи Тоҷикистон 10 миллион кам шуда, 2 миллиарду 890,1 миллион долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Қарзи берунаи Тоҷикистон беш аз 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон дар аввали моҳи октябри соли равон 2 миллиарду 890,1 миллион долларро ташкил додааст. дар аввали сол қарзи берунаи Тоҷикистон 2,9 миллард долларо ташкил дода буд”, - таъкид намудааст Вазорати молияи кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, давоми панҷ соли оянда Тоҷикистон бояд то 40 дарсади қарзро пардохт намояд.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки Қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин будааст, ки 54,1 дарсади қарзҳои хориҷӣ ва ҳудуди 80 дарсади қарзҳои дуҷониба бо ин кишварро ташкил медиҳад.

Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки  мизони қарзҳои хориҷии кишварро ба 36 дарсади ММД баробар хондааст.

Барои пардохти қарзҳои беруна дар соли ҷорӣ  Ҳукумати Тоҷикистон бояд 1 миллиарду 211 миллион сомонӣ, ки муодили 125,1 миллион доллар мебошад, пардохт намояд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯиҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дар охири соли 2020 қарзҳои берунаи кишвар ба 3 миллиарду 327 миллион доллар хоҳад расид.

Барчаспҳо:
миллион, қарз, камабр, қарзи берунаи Тоҷикистон, қарзи беруна, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ