07:16 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Мошинҳои боркаш, акс аз бойгонӣ

Воридоти мол ба Тоҷикистон аз содирот қариб се баробар бештар шуд

© Sputnik / Михаил Киреев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон тайи даҳ моҳи аввали соли равон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, воридот аз содирот қариб се баробар бештар шудаст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 2 миллиарду 702,4 миллион доллар коло ворид кард, ки ин 4,4 дарсад, ё 113 миллион доллар афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои вазорати молии Тоҷикистон, ҳаҷми содирот дар ин муддат 961,3 миллион доллар буд ва рушди 6,4 дарсадӣ дошт.

Бо ин ҳол, ҳаҷми воридот бар содирот 2,8 баробар бартарӣ дошт. Бар асоси додаҳои манбаъ, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ гардиши молӣ дар миёни ҶТ ва кишварҳои хориҷӣ 3 миллиарду 663,7 миллион доллар буд, ки ин дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,9 дарсад, ё 171 миллион доллар афзойишро нишон медиҳад.

Таодули бозаргонӣ дар 10 моҳ 1 миллиарду 741,1 миллион доллари манфӣ буд.
Шарики аслии бозаргонии Тоҷикистон Русия буда, ин кишварҳо дар моҳҳои январ-октябр ба арзиши 859,1 миллион доллар гардиши молиро анҷом доданд.

Барчаспҳо:
воридот, содирот, иқтисод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ