Нурӣ қимату агроном кам: Қулиев мушкили пахтакорони тоҷикро гуфт

Обуна шудан
Ҳабибулло Қулиев, мутахассиси соҳаи кишоварзии минтақаи Кӯлоб, коста будани пахтакориро дар бархе аз навоҳии кишвар ба он рабт дод, ки аксари деҳқонони пахтакор дониши кишоварзӣ надоранду агрономҳо низ дар навоҳӣ каманд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Қулиев гуфт, феълан дар шуъбаҳои кишоварзии шаҳру навоҳӣ як агроном кор мекунад, ки наметавонад саривақт ба кишоварзон маслиҳати зарурӣ диҳад.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари ширкати “Carrera” - Sputnik Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкориҳои ширкати итолиёвии “Carrera” дар вилояти Суғд

"Дар шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои минтақа  ҳамагӣ як агроном фаъолият менамояд, ки ба роҳбарони ҳазорҳо хоҷагии деҳқонӣ маслиҳати зарурию саривақтии соҳавӣ дода наметавонад. Аз ин рӯ, ҳадди ақал дар назди ҷамоатҳои деҳот ба кор қабул кардани агроном аз манфиат холӣ нест", - навиштааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли Қулиев.

Ширкати русӣ асалҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия мебарорад

Манбаъ афзуд, ки мушкили дигари пахтакорон имрӯзҳо бо  нархи дандоншикан аз хориҷи мамлакат дастрас намудани нуриҳои азотӣ ва минералӣ мебошад.

Нигина Амонкулова  - Sputnik Тоҷикистон
Нигина Амонқулова ба пахтачинӣ рафт - акс

"Худ қазоват кунед, ки пахтакор як халта доруи минералиро  бо арзиши 270 сомонӣ дастрас мекунад, вале корхонаҳои коркарди пахта маҳсулоти онҳоро бо нархи ночиз мехаранд. Ин омилест, ки ҳавасмандии деҳқонро нисбат ба кишти пахта аз байн бурда истодааст. Ҳолати мазкур ба иҷро нагардидани нақшаи кишту коҳиш ёфтани ҳосилнокии он оварда расондааст", - омадааст дар матлаб.

Дар идома пешниҳод шудааст, ки барои рушди пахтакорӣ дар навбати аввал  масъалаи нархи хариди пахта ва  барқарорсозии корхонаи нуриҳои азотии Вахш ҳарчи зудтар бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.

“Ба кор ҷалб намудани агрономҳои варзидаи соҳа дар ҷамоатҳои деҳот низ амри зарурист. То кай ин мушкилиҳоро масъулони соҳа бо ҳисоботи бардурӯғ пардапӯш менамоянд? Боиси таассуф аст, ки хоҷагие, ки аз як гектар дусад килограмм ҳосил нагирифтааст, аз иҷрои нақша барвақт ҳисобот медиҳад”, - таъкид шудааст дар матлаби “Ҷумҳурият”.

Лентаи хабарҳо
0