05:52 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27410

Вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни дидор бо сафири Эрон гуфт, ки ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ ва истифода аз таҷрибаи Эрон дар бахши кишоварзӣ омода аст

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik.  Иззатуллоҳ Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, бар зарурати густариши беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид карда аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба таҳаввулоти мусбати чандмоҳаи ахир дар равобити ду кишвар гуфт, Эрон дар бахши кишоварзӣ дар заминаҳои тавлид ва тавсеаи мошинолоти кишоварзӣ, таъмин ва ислоҳи тухмии маҳсулот, густариши мустаҳкам кардани соҳилҳо ва ҳифозати хок, афзоиши зариби худиттикоии маҳсулоти роҳбурдии асосӣ ва тавсеаи обзипарварӣ ва парвариши моҳӣ дар дарё ва парвариши парандагон, дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон тавсеаи боғот, тавсеа ва фароварии гиёҳони доруӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашиву сомонаҳои навини обёрӣ, густариши зерсохтҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ва афзоиши тавлидоти саноеи такмилӣ ва табдилӣ дар бахши кишоварзиро аз дигар дастовардҳои Эрон дар заминаи кишоварзӣ унвон кард.

Собирӣ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба оби фаровон ва заминҳои муносиби кишт дар Тоҷикистон, Эрон омодаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳои бахш кишоварзӣ бо ин кишвар аст.

Барчаспҳо:
кишоварзӣ, истифода, ҳамкорӣ, ҷумҳурӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ