12:37 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
188 0 0

Маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон бештар аз буҷети солонаи кишвар аст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон меҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон ду миллиарду 490 миллион доллар равон кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии буҷети давлатии кишвар дар моҳи январ-ноябри соли равон 20 миллиарду 568 миллион сомонӣ (беш аз 2,1 миллиард доллар)-ро ташкил медодааст.

Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли равон 23, 7 миллиард сомонӣ ё беш аз ду миллиарду 448,3 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр дар нӯҳ моҳи соли равон маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон аз ҳаҷми буҷети кишвар бештар аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки беш аз 75 дарсади даромади аҳолии кишвар маҳз аз маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирон вобаста аст.

Ёдрас мешавем, ки Бонки марказии Русия хабар дода буд, ки дар 6 моҳи соли равон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон наздик ба 1,1 миллиард доллар интиқол дода буданд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи миёнаи интиқолдодашуда 150 долларро ташкил медиҳад.

Таъкид шудааст, ки ҳаҷми пулҳои интиқолдодашуда дар соли 2019 нисбат ба соли ҳамин давраи соли гузашта ба 48 миллион доллар камтар шудааст.

Инчунин, маълум шуд, ки ҳаҷми умумии пулҳои интиқолдодашудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия 36-37 дарсади ММД Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, пул, интиқоли маблағ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ