Қарзҳои корхонаҳои Тоҷикистон баробар ба ду буҷаи кишвар расид

CC BY 2.0 / Tax Credits / CoinsМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даҳ моҳи соли равон қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба 65 миллиард сомонӣ ё 6,7 миллиард доллар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси омори Тоҷикистон мизони қарзи корхонаҳо ва марказҳои тавлидии тоҷикистон дар 10 моҳи имсол ба 65 миллиард сомонӣ (6 миллиарду 700 миллион доллар ) расидааст.

Короленко Алексей - Sputnik Тоҷикистон
Короленко: Тоҷикистон бо бахшидани қарз мехоҳад ба иқтисодаш суръат бахшад

Тибқи иттилои манбаъ, беш аз 50 дарсади ин мизон қарз ба ширкатҳои давлатии Барқи тоҷик, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва корхонаи Алюминии Тоҷикистон рост меояд.

Аксари корхонаҳои корхонаҳои зиёновар дар Тоҷикистон дар бахшҳои саноат, тиҷорат ва сахтмонсозӣ фаъолият мекунанд.

Аммо қарздортарин ширкати давлатӣ дар Тоҷикистон ширкати Барқи тоҷик бо қарзи 23 миллиарду 100 миллион сомонӣ муодили (2 миллиарду 400 миллион доллар ) аст.

Ёдрас мешавем, ки қарзи умумии корхонаҳои бузург ва миёнаи Тоҷикистон дар соли 2018 қарзи умумии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон ба 63,4 млрд. сомонӣ ё 6,7 млрд. доллар баробар шуда буд.

Соли гузашта низ корхонаҳои зиёновар дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (27,6% аз шумори умумӣ), сохтмон (14,7%), нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа (7,5%) ба қайд гирифта шуда буд.

Қариб чоряки ҳисса аз қарзи умумии корхонаҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” рост меояд, ки дар маҷмӯъ (бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ) зиёда аз 15 млрд. сомонӣ қарздор мебошад.

Лентаи хабарҳо
0