21:11 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1036 0 0

Қурби 1000 рубли русӣ имрӯз дар бозори нақди Тоҷикистон то ба 156.5 сомонӣ расидааст, ки нишондоди баландтарин тайи солҳои охир мебошад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки имрӯз қурби миёнаи фурӯши рубли русӣ дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1553 то  0.1565  сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда охири ҳафтаи гузашта аз 0,154 то 0,155 сомониро ташкил медод.

Бонкҳои Тоҷикистон рублҳоеро, ки аз Русия фиристода мешаванд, ба соҳибонашон бо пули миллӣ -  сомонӣ медиҳанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, қурби фурӯши як доллари ИМА дар ташкилоти қарзии кишвар аз 9.6919  то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро аз 10.7541 то 10.8000 сомонӣ мебошад. Аммо корафтодагон мегӯянд, бо арзиши нишондодаи Бонки миллӣ пайдо кардани доллар дар кишвар амри муҳол мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз барои бозори ғайринақдӣ қурби расмии 1 доллари ИМА - 9.6919  сомонӣ, 1 евро - 10. 7541 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1553 сомонӣ муқаррар кардааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Барчаспҳо:
ҷаҳиш, рубли русӣ, қурби доллар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ