06:44 06 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Дар Маҷлиси намояндагон вазъи пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Имрӯз, 23 декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ, таъсири он ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуда, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карданд.

Акрамшо Фелалиев иброз доштааст, ки пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. 

"Аз ин рӯ татбиқи муваффақонаи ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ  нақши назаррас мегузорад", — афзудааст мавсуф.

Зикр гардидааст, ки айни ҳол новобаста аз ҷой доштани шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ низоми бонкии мамлакат фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ ва натиҷагирии ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ танзими низоми бонкӣ дар Тоҷикистон пурзӯр гардида, вазъи он рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияи дахлдор қабул карда шуд.

Барчаспҳо:
сиёсат, Маҷлиси намояндагон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ