23:51 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, зимни баргузории як машварати назоратӣ масъалаи сифати маҳсулот дар бозорҳои вилоятро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар ҷаласа таҳти раёсати Файзов ду масъалаи асосӣ - ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва низоми ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди таҳлил қарор дода шуданд, хабар додаст котиботи ҳукумати ВМКБ.

Роҳбарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ дар ҷаласа изҳор доштаанд, ки аз тарафи раёсат барои ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, мағозаҳо ва марказҳои савдо гузаронида шуд. Иттилоъ дода шудаст, ки маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта аз фурӯш бардошта шуданд.

Раиси вилоят ба роҳбарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят дастур додаст, ки барои ҳифз намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкоронро пурзӯр намоянд.

Файзов афзудааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта даст мезананд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Барчаспҳо:
маҳсулоти пастсифат, маҳсулот, фурӯш, савдо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ