02:28 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 манфӣ боқӣ монда, фарқи ҳаҷми воридот аз содирот 2 миллиард долларро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҳаҷми воридоти мол аз ҳаҷми содироти коло дар соли гузашта 2 миллиарду 174,9 миллион доллар бештар мебошад, хабар додаст Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ дар соли сипаришуда 4,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбати нишондоди соли 2018, 7,1 дарсад зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти коло дар соли гузашта 1,2 миллиард ва воридот 3,3 миллиард долларро ташкил додаст.

Тоҷикистон дар соли гузашта бо 105 кишвари ҷаҳон додугирифт доштааст, ки ин дар қиёс бо соли 2018 панҷ кишвар камтар мебошад.

Дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия бо беш аз 1 миллиард доллар, Қазоқистон – 957,5 миллион ва Чин 660,9 миллион доллар боқӣ мондаанд.

Ахиран дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2020 ба 87,4 миллиард сомонӣ расонида шаваду рушди 7,8 дарсадии он таъмин гардад.

Барчаспҳо:
воридот, содирот, хориҷӣ, савдо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ