21:44 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол беш аз 56 миллион сомонӣ зарари расондаро аз ҳисоби амволи ширкати “Умед – 88” ба фоидаи давлат рӯёнда шудаст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Идрисзода, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз 171 миллион сомонӣ – зарари расондаи ширкати “Умед-88”, ки  тафтишоти пешакӣ муайян кард, дар пайи чораҳои маҷбурӣ 56 миллиону 334 ҳазор сомонӣ барқарор шуд.

Ӯ афзуд, ки зарари боқимонда низ аз ҳисоби фурӯши амволи манқулу ғайриманқули ҳабсшудаи “Умед – 88” барқарор ва ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Тоҷикистон гузаронда хоҳад шуд.

Ширкати “Умед 88” ба Раҷабалӣ Одинаев тааллуқ дорад, ки аз моҳи октябри соли 2017 дар боздошт буда, моҳи сентябри 2018 бо қарори додгоҳ ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Бо эълони ин ҳукм, мақомот Одинаевро дар он айбдор карданд, ки 171 милион сомонӣ пули сохтмони “НБО Роғун”-ро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Умед 88” қарз дода буд, бозпас надодааст. Аммо дар мурофиаҳои додгоҳӣ, Одинаев иброз намудааст, ки дар сурати раҳо шуданаш аз маҳкама имкон дорад, ин миқдор маблағи зарарро пардохт кунад. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки расман чунин дархост аз ҷониби Одинаев ворид нашудааст.

"Умед 88" дар се соли пеш аз ширкатҳое шумурда мешуд, ки дар радифи “Газпром”, “Газойл” ва “Фароз”- бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рақобат мекард.

Барчаспҳо:
ҷуброн, зарар, додгоҳ, сӯзишворӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ