17:40 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
566 0 0

Раиси “Амонатбонк” зимни як нишасти матбуоти дар шаҳри Душанбе гуфт, фаъолияти низоми интиқоли маблағи “Золотая корона” ба хотири дар ягон рӯйхати Бонки марказии Русия набуданаш, аз бозори интиқоли маблағ дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Сироҷиддин Икроми раиси раёсати “Амонатбонк”, низоми интиқоли пули “Золотая корона” новобаста аз он ки 80 дарсади бозори интиқоли маблағро дар ҷумҳурӣ ба дасти худ гирифта буд, камбудӣ дошт. 

Вай афзуд, ки ин низоми интиқоли пул дар ягон  рӯйхати Бонки марказии Русия ба қайд гирифта нашудааст ва ин ташкилот намехоҳад ба бонк мубаддал гардад.

БМТ ба муҳоҷирон: маблағҳои ирсолкарда тавассути низоми “Золотая корона”-ро бозпас гиред

“Маблағи калон дорад, аммо бонк шудан намехоҳад. Агар ба Бонк табдил ёбад, талаботҳо дигар мешавад. “Золотая корона” бояд худро ба ташкилоти қарзӣ табдил медод ва танҳо пас аз ин вай аз ҷониби Бонки марказии Русия танзим мешуд. Ҳамин чиз набуд”, - таъкид дошт Икромӣ.

Инчунин вай зикр кард, ки Бонки миллӣ ва Бонки марказии Русия ҳамкориҳои хуберо дар ин самт ба роҳ мондаанд.

“Маркази интиқоли маблағҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил кардем. Ҳамаи ташкилотҳое, ки дар назорати бонки марказии Русия ҳастанд, маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷиронро тавасути ҳамин марказ интиқол медиҳанд. “Золотая корона”, ки дар ягон рӯйхати Бонки марказӣ нест, ҳаққи интиқолро надорад.  Ин ташкилот ҳатто ба бонки марказии Русия иттоат намекунад”, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон Сироҷиддин Икромӣ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир низоми интиқоли пули “Золотая корона” кушиш дорад шакли хоҷагидорииашро иваз намояд ва ба ягон ташҳкилоти қарзӣ ё банк табдил ёбад. Пас аз табдил ёфтанаш метавонад фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳад.

Раиси “Амонатбонк” таъкид дошт, ки дар шакле, ки Золотая корона дар Тоҷикистон фаъолият мекард барои кишвар хавф дошт ва ӯ аз иқдоми пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард.

“Ман бар онам, ки ин иқдом аз тарафи Бонки миллӣ саривақтӣ буд. Як замоне мушкили пеш омад, аммо имрӯз ин мушкилот паси сар шуд ва мо пулҳои интиқолдодаро аз Русия, пурра ба аҳоли сари вақт таъмин карда истодаем. Лекин, ин интиқолҳо тавассути ташкилотҳои расмӣ сурат мегиранд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.

Вай афзуд, дар гузашта Тоҷикистон бонкҳои ба далели барҳамхурдани низоми интиқоли пули “Мигом” ва “Лидер” маблағҳои худро баргардонида натавонистанд.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.

 

Барчаспҳо:
қатъ, маблағ, интиқол, Бонки марказии Русия, интиқоли маблағ, Душанбе, Амонатбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ