13:06 06 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
531 0 0

Абдураҳмон Ҳомидзода, директори идоракунандаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ки узви Маҷлиси миллӣ низ мебошад, дар ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон тафсилоти созиш бо Чин ва кори ширкат баъди навсозиро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳомидзода зикр кард, ки “Ширкати Алюминийи Тоҷик”,  ба ҷамъияти саҳомии кушодаи бо саҳми 100 фоизи давлатӣ табдил дода шуд, хабар додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Ба гуфтаи Ҳомидзода, табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ба ҷамъияти саҳомӣ аз вазъияти объективӣ сарчашма мегирад, зеро дар шароити кунунӣ таваккалҳои рақобатӣ дар бозори ҷаҳонии алюминий доимо афзун шуда истодаанд.

Ӯ афзуд, ки Ширкати Алюминийи Тоҷик дар иқтисоди Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, моликияти давлат мебошад.

“Чуноне қаблан зикр гардид, 100 фоизи саҳмияҳои ширкат ба Ҳукумати кишвар тааллуқ дорад. Ҳар гуна амали бо саҳмияҳои ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” баргузоршаванда дар доираи қонунгузории амалкунандаи кишвар ва бо риояи ҳатмии шароити шаффофияти созишҳои тиҷоратӣ сурат хоҳад гирифт”, - илова намуд Ҳомидзода.

Мудири ширкат гуфт, айни замон дар воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн шуда истодаанд, ки гӯё баъди табдил дода шудани “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ба ҷамъияти саҳомии кушода корхона минбаъд таҳти назорати ширкати чинӣ қарор мегирифта бошад.

“Чунин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд. Ширкати Алюминийи Тоҷик дар ҳақиқат бо шарикони чинӣ бобати ҷалби маблағҳо барои навсозии истеҳсолоти электролиз гуфтушунид доир намуда истодааст. Бояд қайд кард, ки ин гуфтушунидҳо ба фурӯши саҳмияҳо дахл надоранд”, - таъкид намуд мудири Талко.

Ӯ илова намуд, ки бо ширкати давлатии мошинсозии Чин, “China Machinery Engineering Corporation” барои навсозии корхона, яъне таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз, созишнома ба имзо расид, ки барои он ширкати чинӣ 545 млн. доллар маблағ ҷудо менамояд.

“Ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Халқии Хитой корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ намуда, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” месупорад. Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд”, - изҳор дошт Ҳомидзода.

Дар мавриди кори ширкат баъди навсозӣ Ҳомидзода гуфт, пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.

“Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад”, - гуфт мудир.

Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонунгузории кишварро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ширкати “Талко” ва нерӯгоҳи “Роғун” аз феҳрасти иншооте, ки хусусӣ карданашон мамнуъ мебошад, хориҷ гардиданд.

Барчаспҳо:
хусусӣ, фурӯш, ТАЛКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ