14:19 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1485 0 0

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, аз коҳиши даромад аз кори ширкатҳои мобилӣ гила карда, изҳор дошт, ки азм доранд, ширкатҳои бузурги ҷаҳониро дар Тоҷикистон андозбандӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Давлатзода иттилоъ дод, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.

Ӯ гила кард, ки аз соли 2015 инҷониб ширкатҳои мобилӣ аз хизматрасонии овозӣ ба дигар шаклҳои хизматрасонӣ гузашта истодаанд ва азбаски ин манбаъҳо дар ҷумҳурӣ қариб ба танзим дароварда намешаванд, мақомоти андоз маблағи ночиз мегиранд.

Гилаи раис аз кам шудани гапзанӣ бо телефон: ҳама бо интернет шудаст

“Мо дар нишастҳои гузашта ҳам гуфтем, ки пештар чӣ қадар дақиқаҳои овозӣ истифода мебурданду мо аз он маблағ мегирифтем, аммо ҳозир кам шудаст. Ҳама шоҳидем, ки гапзанӣ тариқи телефон кам гардидааст, ҳама чиз тариқи интернет шуда истодааст. Аз тарафи дигар қисми даромади буҷет зиёд шуда истодааст, аммо манбаъҳо кам шудаанд”, - гуфт раиси Кумитаи андоз.

Ӯ таъкид намуд, интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ расонда мешавад.

“Аз ҷумла фурӯши бозиҳои электронӣ, филмҳо, китобҳо, барномаҳои мусиқӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхонаҳо, манзил, барномаҳои сафар ва дигар хизматрасониҳою мол, ки ҳамаи инро мо ҳамарӯза истифода мебарем. Чунин хизматрасониҳо асосан аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ расонда мешавад, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд”, - мисол овард Давлатзода.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар дигар давлатҳо аз хизматрасоние, ки ширкатҳои хориҷӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ мерасонанд, андоз ситонда мешавад ва таъкид намуд, ки мақомоти тоҷик таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта истодаанд.

Раиси Кумита таҷрибаи дигар давлатҳоро далел овард

Ӯ Русияро далел овард, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.

Ба гуфтаи Давлатзода чунин иқдом дар Олмон, Белорусия, Испания ва бархе кишварҳои дигар низ амалӣ шуда, қисми дигари давлатҳои Осиё ва Аврупо низ дар ҳоли омӯзиши ин таҷрибаянд.

“Дар кишварҳои ҳамсоя Қазоқистону Қирғизистон низ дар ин масъала санадҳои меъёриро таҳия карда истодаанд. Ба иттилои расонаҳо дар Ӯзбекистон дар назар аст, аз соли 2020 ҷорӣ шавад”, - гуфт раиси Кумита.

Ӯ таъкид намуд, дар фикри андозбандии ширкатҳое мебошанд, ки аз хизматрасонияшон шахсони ҳуқуқию воқеии Тоҷикистон истифода мебаранд.

“Агар дар қонунгузорӣ пешбинӣ шавад, мо инро ҷорӣ карда тавонем, онҳо ихтиёран худро дар мақомоти андоз ба қайд мегиранд, ихтиёран андоз аз арзиши иловашударо пардохт мекунанд, ҳамон тавре, ки дар дигар давлатҳо пардохт мекунанд”, - таъкид намуд Нусратулло Давлатзода.

Барчаспҳо:
Нусратулло Давлатзода, кумитаи андоз, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ