04:36 10 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
986 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, масъалаи зимистонгузаронӣ дар вилоятро баррасӣ карда, мушкилоти фасли сармои соли гузаштаро хотиррасон намуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имсол​ зимистони​ вилоят​ нисбатан​ камбориш​ омад,​ вале аз​ ин набояд​ хотирҷамъ​ шуд, изҳор дошт Файзов зимни ҷаласаи машваратӣ. Ӯ таъкид кард, ки аслан​ зимистони​ Бадахшон​ дар​ пеш​ асту мақомдоронро зарур аст, ки ба он омода бошанд.

Раиси вилоят ҳамчунин таъминоти муассисаву идораҳо ва аҳолиро бо ангиштсанг зикр карда, гаронии нархи он дар​ вилоят​ро аз мушкилоти​ зимистонгузаронӣ арзёбӣ намуд.

"Нархи​ як тонна ангишт​ дар​ худи​ конҳои​ ҷумҳурӣ​ вобаста​ ба​ сифат​ аз 265 то 295​ сомониро ташкил медиҳад. Вале​ нархи​ он​ мувофиқи​ ҳуҷҷатҳои​ тендерӣ то​ ноҳияи​ Ишкошим​ ба​ 1400​ сомонӣ мерасад. Яъне​ роҳкирои овардани​ як тонна​ ангишт нисбат​ ба​ нархи худи он 3-4 баробар​ қиматтар​ меафтад", - хабар дод котиботи ҳукумати ВМКБ аз қавли Файзов.

Раиси вилоят аз он​ изҳори​ нигаронӣ​ кард, ки сифати ангишт на дар ҳамаи муассисаҳо​ мувофиқи талабот аст.

"Дар як​ муассиса сифати​ ангишт бад бошад​ ҳам, нархи он баланд, дар​ мавриди​ дигар сифати​ ангишт​ хубтар,​ вале​ нархи​ он​ ​ пасттар​ аст. Ҳодисаҳои дахолати​ раисони​ ​ ноҳияҳо​ ба масъалаи дастраскунии​ ангишт​ ба​ муассисаҳо​ низ​ ҷой​ доранд", - афзуд Файзов.

Раиси ВМКБ таъкид намудаст, ки минбаъд бе​ гузаштани тендер​ ангишт​ ба​ муассисаҳо​ дастрас​ карда​ нашавад.  Ӯ дастур додаст, ки таъминот​ бо​ ангишт​ дар​ ҳамаи​ муассисаҳои​ маориф​ ва​ тандурустӣ бори​ дигар​ санҷида шаваду муассисаҳое, ки аз талаботи воқеиашон камтар сӯзишворӣ гирифтаанд, ​ бо​ ​ маводи​ сӯхт​ пурра​ таъмин​ карда​ шаванд.

Зикр шудаст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти вилоятро ба назар гирифта, дар ҷаласаи Ҳукумат ба ширкати “Талко” супориш додаст, ки барои коҳиш​ додани​ нархи​ ангишт​ дар​ вилоят​ ва​ сифати​ он​ ​ соли​ равон​ кони​ Равноби​ ноҳияи​ Дарвоз​ ба​ истифода​ дода шаваду тобистони​ ҳамин​ сол​ вилоятро​ пурра​ бо​ ангишт таъмин намояд.​

Файзов таъкид намудааст, ки сохторҳои​ дахлдор соли​ равон маблағҳои​ барои​ зимистонгузаронӣ равонашудаи​ буҷаро​ таҳти​ назорати​ қатъӣ​ гирифта, дар​ заминаи​ паст​ кардани​ нархи​ ангишт​ ва дастрас шуданаш аз​ кони​ ангишти​ Равноб​ таъминоти​ он​ дар​ муассисаҳоро 30-40​ фоиз​ зиёдтар​ кунанд.

Барчаспҳо:
нарх, ТАЛКО, ВМКБ, ангишт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ