18:56 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
307802

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шарифзода Зайнулло Маҳмадуллоро, ки бештар бо насаби пешинааш Зайнулло Соҳибов маъруф аст, ба мақоми ҷадид таъин кард

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур 14 феврал имзо кард, Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Зайнулло Соҳибов, ки аз соли 2014-ум роҳбарии “Сементи тоҷик”-ро ба уҳда дошт, ахиран аз ин мақом ба далели гузаштан ба кори нав барканор шуд.  

Бо қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон Саидов Алишер Норбаевич директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Сементи Тоҷик” таъин гардид.

Эълони ном, мансаб ва мошини ҳавобаландҳои қонуншикан дар Душанбе -видео

Ин тағйирот дар ҳолест, ки ахиран парлумон созишнома барои бунёди корхонаи “Тоҷиксемент”-ро ба тасвиб расонд, ки баъди ифтитоҳи он корхонаи “Сементи тоҷик” дар пойтахт баста мешавад.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта зимни муаррифии созишномаи Ҳукумат бо “Тоҷиксемент”, изҳор дошта буд, ки корхонаи ҷадид бо харҷи 1 миллиард сомонӣ бунёд мегардад ва ба гуфтаи Ҳамрализода ин маблағи сармоягузори ватанӣ мебошад.

Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз

Ӯ аз сармоягузори ватанӣ ном набурд,  аммо таъкид кард, ки корхонаи нав бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва истеҳсоли 80 миллион дона халта дар як сол бунёд мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ