21:34 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  стратегияи навашро барои Тоҷикистон тайи панҷ соли оянда таҳия кардааст

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Бино ба иттилоияи ин созмони молиявӣ дар Тоҷикистон, стратегияи нав давоми солҳои 2020-2025 ба ҳалли муҳити ноустувори макроиқтисодӣ, фазои мураккаби соҳибкорӣ ва осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим равона хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи татбиқи стратегия, БАТР ба беҳтар намудани инфрасохтори Тоҷикистон, алоқаҳои минтақавии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои шуғли аҳолӣ талошҳои худро равона месозад. Тоҷикистон дар байни тамоми кишварҳое, ки БАТР дар онҳо  фаъолият дорад, яке аз давлатҳои дорои аҳолии ҷавонтарин мебошад.

Манбаъ мегӯяд, афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии БАТР дар Тоҷикистон дар асоси се поя- таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор ва дастгирии дастрасии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои дар ҳоли рушд  тасдиқ гардидааст.

 "Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, густариши тиҷорат ва амнияти энергетикии он аҳамияти хосса дорад. Тағйироти мусбати иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтаршавии муносибатҳои байнидавлатӣ ва пайвастагӣ ба БАТР имкон медиҳад, ки ислоҳоти заруриро дастгирӣ намуда, ба гузариши мамлакат ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, ки дар рушди бахши хусусӣ асос ёфтааст, мусоидат кунад",-омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, БАТР дар оянда низ ҷиҳати афзоиши ҳаҷм ва густариши доираи фаъолияти худ талошҳоро равона мекунад. Бонк маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтор, соҳаи энергетика ва дастгирии ширкатҳои бахши хусусиро идома хоҳад дод. То имрӯз БАТР тавассути 135 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Tоҷикистон зиёда аз 800 миллион евро сармоягузорӣ намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ