04:31 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Тоҷикикстон нақша дорад ба кишварҳои Аморати Араб, Ҷопон, Канада, ИМА ва як қатор давлатҳои Аврупо асал содирот намояд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати саноат ва технологии нави Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтааст, барои ин кор  дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи “Хантана Канада ИНК” хатти технологии истеҳсолии давлати Туркия ба маблағи 1, 1 миллион сомонӣ бо мақсади коркард ва бандубасти асал ворид ва насб карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ташкили корхонаи мазкур содироти асали тоҷикӣ бо шаклу намои гуногун ба бозорҳои хориҷа мебошад.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло зиёда аз 60 тонна асал захира гардида, баъди бакорандозии корхонаи мазкур моҳе 20 тонна асал содирот карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар корхона наздик 20 нафар кормандон бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем ширкати канадагӣ иҷозатноами фаъолиятро тобистони соли гузашта ба даст оварда, ҳамакнун корхонаашро дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бунёд кардааст.

Қаблан дафтари матбуоти МОИ Суғд иттилоъ дода буд, ки фаъолияти ширкати “Хантана Канада ИНК” ба коркарди сифатноки асал, бастабандӣ ва содироти он, тавассути истифодаи таҷҳизоти замонавӣ равона карда мешавад.

Асал, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Константин Чалабов

Ба иттилои манбаъ, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизот ва лавозимотҳои муосир васлу  насб карда шудаанд ба роҳ монда мешавад. Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсули тозакардашуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 мл то 700 мл ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, истеҳсоли асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахшанда ба нақша гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, асал тоҷикӣ ба бозорҳои Амрико, Канада, Арабистони Саудӣ, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он содирот мешавад, ки ин давлатҳо бузургтарин воридкунандаи асал мебошанд.

Барчаспҳо:
содирот, асал, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ