15:12 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
252430

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъомади тантанавӣ бахшидаи ба рӯзи модарон аз воҳимаи ахир миёни мардуму ордхарии зиёд зикр карда, гуфт, Ҳукумат намегузорад, халқ бе доруворӣ ва ғизо монад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз замони камбуди нон ёд карда, гуфт, соле буд, кар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 280 тонна нон мепухтем, мардумро намерасид.

“Дар яке аз сафарҳо будам, ки маълумот доданд, дар шаҳри Душанбе 80 тонна орд мондаст, чӣ кор кунем. Ман ин давлат он давлатро пурсидам, касе кумак накард. Як тонна тило доштем. Ман тиллоро бо орд иваз карда, ҳамон шабона ба воситаи тайёраҳо ордро  ба Душанбе расонданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки мардуми мо набояд ба таҳлука афтода, ба сухани шахсони воҳимачӣ ва ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд.

“Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахту вазнинро аз сар гузаронидаанд. Масалан, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, яъне солҳои 1992 - 1993 сокинони ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии собиқ вилояти Кӯлоб, ки аз ҷониби мухолифин бо роҳбарии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар муҳосираи озуқаворӣ қарор доштанд, аз ноилоҷӣ ба истеъмоли ҳар гуна гиёҳҳо ва маводи озуқаи пастсифат маҷбур шуданд ва ба бемории гелиотроп гирифтор гардида, ҳазорҳо нафари онҳо талаф ёфтанд”, - ёд кард Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳар гуна ҳолатҳои эҳтимолӣ захираи кофии маводи озуқаро дорад ва намегузорад, ки аҳолии кишвар беозуқа ва доруворӣ монад.

“Зеро таъмини амнияти ҷомеа ва осоиши шаҳрвандон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат мебошад. Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?”, - суол гузошт Раҳмон.

Роҳ ба бозор: чӣ гуна коронавирус аз орд то пойафзору таксиро гарон кард

Ӯ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кард, ки ба ҷойи бовар кардан ба ҳар гуна шахсони ҳангоматалаб ва харидории миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокӣ ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода нигоҳ доштани манзили зист, ҷойи кор ва маҳалли истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Барчаспҳо:
хабар, ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ