Бозори нақди имрӯз: чанд мехаранду чанд мефурӯшанд?

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар овезаҳои бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши рубл имрӯз зимни харид 0,130 сомонӣ ва зимни фурӯш 0,132 сомонӣ нишон дода шудааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1345 то 0.1380 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар овозеҳои бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон арзиши рубл имрӯз зимни харид 0,130 сомонӣ ва зимни фурӯш 0,132 сомонӣ нишон дода шудааст.

Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши якбораи қурби рубл баъди уфти нархи нафт - поинтарин дар 4 соли охир

Манбаъ арзиши фурӯши 1 доллари ИМА-ро 9.70 сомонӣ ва 1 евроро 11.00 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

БМТ қурби расмиро дар бозори ғайринақдӣ барои 1 доллари ИМА -  9.7000 сомонӣ, 1 евро - 11.0017 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1345 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд. Дар рӯзи коҳиши нархи нафт қурби доллар ва евро дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафта, дар Русия арзиши як доллар ба беш аз 72 рубл ва евро ба 82,2 рубл баробар шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0