10:35 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Ширкати “KazakhExport”-и Қазоқистон эълон намудааст, ки омодааст соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии “Амонатбонк” дастгирӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ахиран Сирроҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" бо ҳайати расмии ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport”-и Қазоқистон, таҳти роҳбарии  Калигазин Аслан, муовини раиси ин ширкат дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки давлатии амонатгузорӣ.

Манбаъ таъкид доштааст ҳайати ширкати қазоқӣ, ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ин кишвар ба Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда буд.

Дар рафти мулоқот намояндаи расмии ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport” қайд намудааст, ки ширкати мазкур омодааст соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии “Амонатбонк” дастгирӣ намуда, то ба манзил расидани молу маҳсулотҳо суғуртаи маблағи онҳоро таъмин намояд.

Дар навбати худ, раиси “Амонатбонк” Сирроҷиддин Икромӣ зикр намудааст, ки ҳукумати Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ намояд.

Пас аз мулоқоти дуҷониба раиси “Амонатбонк” ва Муовини раиси ширкати содиротию суғуртавии “KazakhExport” Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расониданд.

Двустороннее сотрудничество между ГСБ РТ Амонатбонк и АО Экспортно-страховая компания КазахЭкспорт Республики Казахстан
Двустороннее сотрудничество между ГСБ РТ "Амонатбонк" и АО "Экспортно-страховая компания КазахЭкспорт" Республики Казахстан

“Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Созишнома, ин пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон ба шумор меравад”, -таъкид намудааст дафтари матбуоти бонки давлатӣ.

Ҳамзамон масъулини “Амонатбонк” афзуданд, ки бонк кўшиш менамояд, ки сохибкорони ватаниро дастгирӣ намояд ва барои дарёфти сарчашмахои нави сармояи арзону дастрас хамаи тадбирхои муассирро амалӣ намояд.

Барчаспҳо:
ширкат, маҳсулот, дастгирӣ, соҳибкорон, Амонатбонк, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ