14:58 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
333 0 0

Бурузи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисодиёти аксар кишварҳои ҷаҳон латмаи сахт ворид кард

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ба хотири пуштибонӣ намудан аз иқтисоди ҷаҳон, намояндагони кишварҳои шомили гурӯҳи "G 20" тасмим гирифтаанд, ки миқдори муайяни маблағро ихтисос диҳанд.

Намояндагони ин гурӯҳ рӯзи гузашта, 26 - уми март ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири фалаҷ нашудани иқтисоди ҷаҳон 5 триллион долларро ҷудо мекунанд, менависад хабаргузории  Silkroadnews.

Ин ваъдаи намояндагони кишварҳои шомили ин гурӯҳ дар баёнияи муштараки "G 20" сабт шуд, ки он бо ибтикори Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Мулоқоти намояндагони ин гурӯҳ ба шакли онлайнӣ сурат гирифт.

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

Гуфта мешавад, тасмими гирифтаи намояндагони гурӯҳи мазкур то ҳадде таъсири манфии пандемияи коронавирусро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад.

Маризии даҳшатовари коронавирус феълан беш аз 100 кишвари қораро фаро гирифтааст, ки дар натиҷаи хуруҷи он кишварҳо сарҳад ва равобити ҳавоию заминиро бо ҳам маҳкам намуданд.

Чунин сурат гирифтани кор, қабл аз ҳама ба иқтисодиёти давлатҳо латмаи сахт ворид мекунад.

Зимнан, ин маризӣ дар баробари халалдор кардани иқтисодиёти кишварҳо, ҳамзамон ҷони беш аз 20 ҳазор сокини сайёраро рабудааст.

Барчаспҳо:
тавофуқ, маблағ, ҳамоиши G20

Мавзӯъҳои асосӣ