05:20 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
737 0 0

Вазорати зироати Қазоқистон саҳми содироти гандум ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар апрели имсолро дусад ҳазор тонна ва ордро 60 ҳазор тонна таъин кардааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Қазоқистон содироти ордро ба Тоҷикистон маҳдуд мекунад, яъне кишвар орду гандумро бо миқдори муайян ба Тоҷикистон хоҳад фурӯхт.

Бино бар гузориши расонаҳои қазоқӣ, Қазоқистон то августи соли 2020, ин кишвар ордро дар саҳмияи таъиншуда ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир мекунад.

Гуфта мешавад, Вазорати кишоварзии Қазоқистон 30 март дар баёнияе эълон кард,ки содироти гандумро "Барои таъмини ниёзи дохилии ин кишвар барои гандум ва ҳифзи миқдори лозими хуроки дом дар шароити изтирорӣ" маҳдуд мекунад. 

Қазоқистон умдатарин содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст.

Вазорати зироати Қазоқистон саҳми содироти гандум ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар апрели имсолро дусад ҳазор тонна ва ордро 60 ҳазор тонна таъин кардааст.

Қазоқистон содироти орду гандум ва шакарро ба кишварҳои мухталиф манъ кард

Ин дар ҳолест, ки фақат Тоҷикистон ҳар моҳ 90 ҳазор тонна гандум аз Қазоқистон ворид ва ҳудуди 60 фоиз аз ниёзи дохилии орди худро аз тариқи воридоти гандум аз Қазоқистон таъмин мекунад.

Тоҷикистон дар соли 2019 ҳудудан миллион тонна  гандум ва 56 ҳазор тонна орд аз Қазоқистон ворид кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 47 корхонаи тавлиди орд дар Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди як миллиону 900 ҳазор тонна орд дар сол фаъолият мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ