Ҳукми зиндон ба корманди "Имон Интернешнл": ба шиносу рафиқонаш қарз додааст

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон Ҷамшедҷон Мирзоевро барои  азхудсозии маблағҳои ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл" муттаҳам дониста, равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, додгоҳи  Шаҳристон Ҷамшедҷон Мирзоев корамнди "Имон Интернешнл"-ро дар азхудсозии маблағҳои ташкилоти молиявӣ гунаҳгор дониста, ба муҳлати 9 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода ба масъулини бонк: ба соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок диҳед

Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳамчунин бо қарори додгоҳ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва дигар вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта дар соҳаи бонкӣ ба муҳлати 4 маҳрум шудааст.

Ба таъкиди дафтари матбуотии Додситонии кул, Ҷамшедҷон Мирзоев дар вазифаи эксперты қарзии "Имон Интернешнл" дар ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, давоми кораш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо мақсади ғайриқонунй додани кредит ва тасарруфи молу мулк бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварй, бархилофи манфиатҳои Оинномаи ҷамъият амал намуда, дидаву дониста бо мақсади манфиатҳои шахсӣ, дархости шиносу рафиқони худро оиди додани қарз дуруст насанҷида, барои ғайриқонунӣ додани кредит мусоидат карда, қарзҳои гуногунҳаҷми кредита додааст.

 Ба иттилои манбаъ, номбурда замони кор дар асоси шартномаи қарзӣ ба Собирова З.Ш., Ҳоҷибоқиев Р.Ш., Бобоев Э.А. ва дигарон дар маҷмӯъ ба 8 нафар маблағҳои гуногун аз рӯзи гирифтани кредит бо ситонидани фоизҳои муайяни солона қарз додааст.

“Қисми шахсони номбурда баъди гирифтани маблағҳои пулии қайдшуда аз бонк, худи ҳамон рӯз қисми маблағи муайянкардашударо бо пешниҳоди Мирзоев Ҷ.Қ. бармегардонад. Мирзоев Ҷ.Қ. ин маблағҳои пулии ғайриқонунй ба даст овардаашро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст, ки дар натиҷа ба бонк дар маҷмӯъ ба маблағи 110 981,76 сомонй зарари ҷиддӣ расонидааст”,-афзудааст манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0