05:37 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
1203 0 0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани тадбирҳои беҳдоштию зиддиэпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд гардид

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушода шуданд.

Бино ба гузориши Вазортаи корҳои хориҷии Тоҷикистон ин суратҳисобҳо бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона кушода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки суратҳисобҳо (бо асъори миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ) дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии мамлакат кушода шудаанд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани тадбирҳои беҳдоштию зиддиэпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд гардид.

Манбаъ афзуда, ки кумакҳои  созмонҳои байналмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То имрӯз коронавирус қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дар Тоҷикистон то кунун ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Барчаспҳо:
ВУХ, Бонки Миллӣ, боз шудани суратҳисобҳои бонкӣ, суратҳисоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ