05:21 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
785402

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати “Фароз” барои бунёди бозор дар шаҳри Душанбе замин ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе барои “Фароз” 4,96 гектар ҷудо карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки “Фароз” дар ин майдон бозори масолеҳи сохтмониро бунёд мекунад.

Ҳукумат ширкати “Фароз”-ро муваззаф кардааст, ки талафоти аз гардиш берун мондани наздики 5 гектар заминро дар ҳаҷми 673 ҳазору 274 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохт кунад.

Тасмими Фароз барои бунёди бозори масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки феълан аз бозорҳои нисбатан машҳури масолеҳи сохтмонӣ “Султони Кабир” мебошад, ки ба соҳикори шинохта Аваз Кабиров тааллуқ дорад.

Ширкати “Фароз”, ки ба Шамсулло Соҳибов марбут дониста мешавад, дар бахшҳои гуногун, аз фурӯши сӯзишворӣ то тиб, мактабҳои ронандагӣ ва ғайра фаъолият мекунад.

Азми бунёди бозори масолеҳи сохтмонӣ дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, саҳмдорони ширкати “Фароз” дар пойтахт корхонаи муосири тавлиди семент бо арзиши наздики 1 миллиард сомониро бунёд мекунанд.

Чанде пеш Ҳукумат аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Эҳсон”-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 гектар замин ба ҶСП “Фароз” барои бунёди терминали масири Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав ҷудо карда буд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини Вахш барои шираи камол

Инчунин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент, Исфара ва Мастчоҳ ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” барои бунёди терминалҳои байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ замин ҷудо гардида буд.

Барчаспҳо:
қарор, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ