20:35 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Тибқи қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ширкати “Спитамен Суғурта” барои панҷ сол тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори тамдиди иҷозатномаи ширкати “Спитамен Суғурта” санаи 6 апрели соли равон аз сӯи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба имзо расид.

Тибқи иттилои манбаъ, раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори мазкурро дар асоси моддаҳои 6, 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11, 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, тасдиқ шудааст, ба тасвиб расонид.

“Тибқи қорори БМТ иҷозатномаи Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Суғурта», барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати то 5 сол аз нав ба расмият дароварда шуд”,-таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи  “Спитамен Суғурта”, аз 7 апрели соли 2015, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин, роҳбарияти Бонки миллӣ, идораи назорати суғуртавиро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Барчаспҳо:
иҷозатнома, тамдид, суғурта, Спитамен, ширкат, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ