21:47 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
398610

Нархи картошка яке аз маводи ғизоии мавриди ниёзи мардум дар бозорҳои кишвар то ба 8 сомонӣ расидааст, ки сокинонро нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Сокинони кишвар мегӯянд  дар бозорҳо нархи картошка то ба  7-8 сомонӣ расидааст, аммо намедонанд мақомоти дахлдор ба куҷо менигарда, то нархҳоро дар бозорҳо танзим намоянд.

Суннатулло Маматқулов, як корбари шабакаи Фейсбук дар саҳифааш навиштааст: “Нархи картошка 8 сомон шуд, оё ягон нафар чора мебинад”.

Дар зери навиштаи Маматқулов садҳо нафар шарҳу лайк гузошта, тасдиқ кардаанд, ки дар бозорҳои пойтахт ноҳияҳои атрофи он ва ҳатто шаҳри Хуҷанд нархи картошка ба 7-8 сомон расидааст.

Сокинон мегӯяд то ин ҳад боло рафтани нархи ин маҳсулти серталаб имкони харидро ба хама намедиҳад, дар ҳоле ки иддае аз пайвандонашон дар Русия давоми ин рӯзҳо бекоранду имкони кору маблағ фиристоданро надоранд.

Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс

Алишер Ғафуров, як сокини пойтахт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бегоҳии рӯзи гузашта дар бозори “Сафариён” картошкаро 7 сомон харидам.

Ба гуфти ӯ на танҳо нархи картошка, бал ки орд низ дубора гарон шуда то ба 240 то 250 сомонӣ боло рафтааст.

Залина Магомедова, корбари дигар бо гузоштани нархномаи иддае аз маҳсулот навиштааст: "Картошкаи Масчоҳ 7 сомону 50 дирам, картошкаи Русия 6 сомон, пиёз 5с, орд 260с, чиснок 75с, лимон 45с. Ба куҷо менигаранд, ин чи бесарусомонист".

Сокинони кишвар дар саҳифаҳои дигари Фейсбук низ аз болоравии нархи ин маводи ғизоӣ изҳори нигаронӣ карда аз мақомоти дахлдор даъват кардаанд, ки пеши роҳи худсарона боло кардани нархҳо аз сӯйи тоҷирон дар бозорҳоро бигиранд, вагарна дар моҳи Рамазон аз ин ҳам гарон хоҳанд кард.  

Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад

Ёдовар мешавем ахиран Дилшод Музаффарзода, муовини аввали раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, воридоти гандум аз хориҷ, ки метавонист мушкил эҷод кунад, ҳал шуд ва пас аз чанд рӯз ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бе таъсир нахоҳад монд
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ зимни як суҳбати телефонӣ ба раисони як қатор навоҳӣ дастур дод кишти картошкаро зиёд кунанд.

Барчаспҳо:
нигаронӣ, гарон, нарх, картошка, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ