Афзоиши содирот дар даврони коронавирус: мақомоти Суғд гуфт, ба хориҷа чӣ содирот мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикский текстиль на выставке "Сугд"
Таджикский текстиль на выставке Сугд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли равон 450,9 млн. долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ҳаҷми воридот ба 343,1 млн. доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 млн. доллар кам шудааст.

Врач осматривает новые аппараты для ИВЛ - Sputnik Тоҷикистон
Омори нави коронавирус: беш аз ним миллион кас шифо ёфтанд

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 107,8 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4,1 млн. доллар ё 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аз ҳисоби зиёд шудани содироти нахи пахта ба миқдори 4234 тонна ба маблағи 4,4 млн. доллар, калобаи пахтагин ба миқдори 625 тонна ба маблағи 1 235,5 ҳазор доллар, либосворӣ ба миқдори 101 тонна ба маблағи 1,84 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Содироти маъдан ва консентрат 83711 тоннаро ташкил намуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содирот 57,7 фоизро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ содироти семент ба миқдори 26384 тонна афзуда, дар ин давра 136051 тонна семент ба маблағи 5,6 млн. доллар содирот карда шуда, ва суръати афзоиш 122,4 фоиз таъмин гардид.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева ва пиёз хеле назаррас боқӣ монда, дар ин давра 3876 тонна хушкмева ба маблағи 1,9 млн. доллар содирот шудааст.

Лентаи хабарҳо
0