Аз огоҳӣ то сабукӣ: танзими нарх дар бозорҳои ВМКБ

© © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ВМКБ хабар доданд, ки барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳо комиссияи махсус таҳти роҳбарии Алишер Мирзонаботов, ноиби аввали раиси вилоят фаъолият дорад

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, аъзои комиссия беш аз ду ҳафта боз бо соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят барои нигоҳ доштани нархи мӯътадили маҳсулоти хӯрокворӣ вохурӣ мекунанд.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Файзов дар бораи муҳоҷирон, гуфтугӯи Путину Раҳмон, нархҳо ва зарари зӯрӣ-видео

Масъулин ба фурӯшандагон огоҳӣ додаанд, ки дар сурати беасос боло бурдани нарху навои маҳсулот, нисбаташон аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонун чораҳои таъхирнопазир андешида хоҳанд шуд.

Манбаъ афзуд, санҷишҳо нишон додаанд, ки нархи хӯрокворӣ ва дигар махсулоти ниёзи аввал давоми чанд рӯз боло нарафтааст.

“Дар бозорҳои вилоят, алалхусус шаҳри Хоруғ нархи маҳсулот аз қабили картошка барои ҳар кило 5,5 то 6 сомон, сабзӣ - 2,5, пиёз - 5, помидор - 20, бодиринг - 12, карам - 3 сомонӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи пештара дар чаҳорчӯбаи нархномахои шуъбаи зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ ба фурӯш гузошта шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Картошка 8 сомон шуд: сокинон мегӯянд, мақомот ба куҷо менигарад

Котиботи ҳукумати ВМКБ таъкид кард, ки ба фурӯшандагони гӯшту шир суҳбат доир шуда, барои ба нархи пештара барои ҳар литр шир 5 сомонӣ ва барои ҳар кило гӯшт 44 сомонӣ нигоҳ доштани нархашон огоҳномаҳо дода шуданд.

Манбаъ илова намуд, ки барои дастгирии фурӯшандагон масъалаи паст кардани пардохти ҳаққи иҷораи ҷой дар бозор дида баромада шуда, бо соҳибони мағозаҳо суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Зикр гардид, киба мақсади таъмини бозори вилоят бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла бо маслиҳату гуфтушунид бо кишоварзону соҳибкорони минтиқаҳои дигари кишвар нақашаҳои махсус таҳия шуданд.

Котиботи ҳукумати ВМКБ иттилоъ дод, ки барои танзими нархи орд аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ба бозорҳо миқдори муайяни орд ва бо нархи нисбати бозор арзон ба фурӯш бароварда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0