21:01 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздид аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо иншооти бунёдшаванда аз ҷониби "Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ" шинос шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи дастгоҳи раиси Хатлон, барои "Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ" дар маҷмӯъ 25 гектар замин ҷудо шуда, сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст.

"Иншооти калонтарини он - маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад. Майдони маҷмааи варзишӣ 11,0 гектарро дар бар гирифта, маблағи сохтмони он 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар он 15000 ҷойи нишаст барои тамошобинон пешбинӣ шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар назди ин маҷмааи варзишӣ сохтмони мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳи чорошёна барои хонандагон ва омӯзгорон, як муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак, як хонаи бисёрошёнаи 25-ҳуҷрадор ва ду хонаи бисёрошёнаи 50-ҳуҷрадор айни замон сохта шуда истодааст.

Тибқи нақша маҷмааи варзишӣ ва мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳи чорошёна дар соли 2020 ба истифода дода мешавад.

Котиботи раиси Хатлон гузориш дод, ки айни замон сохтмони ду ошёнаи намои маҷмааи варзишӣ аллакай ба анҷом расида, ошёнаи сеюм оғоз гардидааст. Маҷмӯа аз ду тараф дуошёна буда, аллакай сохтмон ба анҷом расидааст. Дар ҷойҳои нишаст бетонрезӣ идома дорад. Тавре ки масъулон иттилоъ доданд, дар иншооти мазкур 60 фоизи корҳо ба анҷом расидааст.

Сохтмони ошёнаи якуми мактаб-литсей идома дошта, сохтмони ошёнаи якуми хобгоҳҳо, ки ҳар се иншоот дар алоҳидагӣ дар наздикии якдигар ҷойгир шудаанд ва маблағи умумии 23 миллион сомониро дар бар мегирад, идома дорад.

Дар муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак бунёди таҳкурсӣ ба анҷом расида, сохтмони ошёнаи якум идома дорад, таъкид намуд котиботи раиси Хатлон.

Мавзӯъҳои асосӣ