22:22 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
355 0 0

Имрӯз барои хоҷагиҳои меваю сабзавотпарвар ҳангоми интихоби кишти картошка барои соли оянда чи чизи муҳимро бояд ба инобат гирифт, гуфт Юрий Илченко, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Махзани офтоб"

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон давраи норасоии картошка сар шуд – ҳосили соли гузашта истифода шуда ва маҳсули нав ҳанӯз нарасидааст.

Қаблан, воридоти картошка асосан аз Чин ва Афғонистону Покистон камбудиҳоро пур мекард, вале ҳоло бо сабаби бастани сарҳад он қариб ки ворид намешавад.

"Ҳамеша мегуфтанд, ки картошка нони дуввум аст. Истеъмоли картошка ҳеҷ гоҳ кам намешавад, балки баръакс зиёд мешавад",- гуфт Илченко ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, истеҳсолот барои кишвар вазифаи стратегӣ аст.

"Нархи картошка ҳамеша пешгӯинашаванда аст, имрӯз ҳеҷ кас сиёсати нархро пешгӯӣ карда наметавонад. Мо бозори худро пешгӯӣ мекунем, аммо сипас бозори хориҷӣ мудохила мекунад ва ҳама пешгӯиҳо номуназзам мешаванд",- гуфт ӯ.

Ба андешаи ӯ, ҳоло маълум нест, ки кадом истеҳсолкунандагон дарҳояшонро барои содирот мекушоянд.

"Ҳамеша чунин буд, мо нархи баландро пешгӯӣ мекардем, пас нархи он паст мешавад, зеро картошкаи арзон аз Миср ё аз кишвари дигар ворид мешуд", - гуфт коршинос.

Вай қайд кард, ки нархи картошка пеш аз ҳама ба захираҳои дохилӣ марбут мебошад.

"Имрӯз, ба ҳар касе, ки замин дорад, бояд вазифаҳои муайяне гузошта шаванд, ки амнияти озуқавориро таъмин кунанд. Бояд бифаҳмем, ки барои худтаъминкунӣ чӣ кор кардан лозим аст ва барои чӣ вазифаҳое гузошта шудаанд",-қайд кард ӯ.

Ёдовар мешавем ахиран дар бозорҳи Тоҷикистон нархи як кило картошка ба таври рекордӣ боло рафта 8-10 сомониро ташкил дод, ки сокинони кишварро нигарон кардааст 

Барчаспҳо:
нарх, афзоиши истеҳсолот, бӯҳрони картошка, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ