18:03 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
695 0 0

Сокинони деҳоти вилояти Суғд мегӯянд, ду рӯз ба ин тараф, нарху навои маводи тиббӣ ва безараргардонӣ боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар ду рӯзи охир қимати хлори хушк, маводи антисептикӣ ва ниқоб дар дорухонаҳои деҳоти шаҳру навоҳии Истаравшан, Шаҳристону Айнӣ ва Зафарободу Деваштич ба маротиб боло рафт, изҳор медоранд сокинон.

“Ҳоло арзиши 1 кило хлори хушк дар дорухонаҳо 25 сомонӣ шуда, қимати як маска ё ниқоби муҳофизатӣ то ба 8 сомонӣ дакка задааст. Дар чанд нуқтаи фурӯш нарх ҳамин хел аст”, - мегӯяд як сокини шаҳри Истаравшан.

Баъзе сокинон аз деҳоти ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич ва Зафарободу Шаҳристон ҳам ҷаҳиши нархи маводи тиббӣ ва безараргардониро таъйид карданд.

“Барои мисол нархи як кило хлор се рӯзи пеш 8 -10 сомонӣ буд, ҳоло бо ин миқдор маблағ, нимкилои онро харида ҳам намешавад”, - зикр намуд як сокини ноҳияи Зафаробод.

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, масъулини ҳукуматҳо, ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо дар гаштугузори хонагӣ аз роҳандозии чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар хонаву кӯчаҳо таъкид меварзанд, вале болоравии нархи чунин маводи тиббиро ҳеҷ кас ё мақомот назорат намекунад.

Бархе аз масъулини дорухона иброз доштанд, ки маводи тиббиро бо арзиши баланд харидаанд ва наметавонанд онро бо қимати поён бифурӯшанд.

Ин дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран аз захираи маводи доруворӣ дар беморхонаи кӯдаконаи Суғд дидан карда, ба роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии вилоят дастур дода буд, ки дар таъмини саривақтии мардум бо доруворӣ аз ҳарвақта дида бештар ҳиссагузорӣ намуда, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат кӯмак расонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ